Футбол бахшида ба Рўзи ҷавонон ва зодрўзи Л. Шералӣ

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Футбол бахшида ба Рўзи ҷавонон ва зодрўзи Л. Шералӣ

22 мая, 2019 Ҷашнвораҳо 0

 

20 — уми майи соли ҷорӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ мусобиқаи футболи хурд баргузор гардид.

Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент, Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент ва Литсейи касбӣ – техникии шаҳри Панҷакент қувва озмуданд.

Тибқи хулосаи доварони мусобиқа дастаи мунтахаби Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи аввал, Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент ҷойи дуюм ва Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибони озмун бо медал ва ифтихорномаҳои ШВКД дар шаҳри Панҷакент қадрдонӣ карда шуданд.

 

Фоторепартаж аз ҷараёни маҳфили фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рўзи ҷавонон ва 78 – умин солгарди шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ