Slider

РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

Июнь 26, 2019 Ҷашнвораҳо 0

Рўзи 27 – уми июн мардуми шарифи Тоҷикистон Иди Ваҳдати миллиро бо шукўҳу шаҳомати хоса, дар фазои сулҳу осоиштагии диёр бо тантана ҷашн мегиранд. Зеро ин рўз барои ҳар фарди ин кишвари зебоманзар азизу муқаддас аст. Маҳз дар ин рўз ба Раиси ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки бо мухолифин дар сари як миз нишаста, оид ба тақдири ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гуфтушунид намоянд ва Созишномаи таърихиву тақдирсозро ба имзо расонанд.

Маҳз пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки 150 хонаводаро хонавайрон намуда, 1 миллион нафарро гуреза карда, ба буҷаи давлат беш аз 7 млрд доллар зарар расонида буд, нуқта гузошта шуд.

Дар давоми 22 сол халқи ҷафокашидаи Тоҷикистони ҷангзада таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд камари ҳиммат бастанд. Дар ин давра Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву маданӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсуси худро соҳиб гашт.

Чаҳор ҳадафи бузургӣ Тоҷикистон- аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии  кишвар марҳила ба марҳила амалӣ гардид.

Имрўз сулҳу ягдигарфаҳмӣ ва ризояти миллии тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон эътироф мекунанд ва меомўзанд.

Моро  зарур аст, ҳамдаму ҳамҷиҳат, ҳамфикру ҳамақида, ҳамкору ҳамсаф шуда, бар зидди душманони ин миллату давлат мубориза барем ва барои боз ҳам шукуфтани кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Бо ҳамин орзуҳои нек Шумо омўзгорон ва кулли кормандони Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии шаҳри Панҷакентро бо ин рўзи муқаддас 22 – юмин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, комёбиву бурдбориҳои беназирро тамонно дорем.

Бо эҳтиром: Раёсати КТИ