КАФЕДРАИ ФАНҲОИ “ТАБИИ-РИЁЗИ”

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ  таърихи 27- уми  декабри соли 2017 тибқи Фармоиши директори коллеҷ таҳти №59  “Оид ташкили кафедраҳо” таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии кафедра омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои  барномасоз — иқтисодчӣ, барномасоз  ва ғайраҳо мебошад.

Устодони кафедра аз фанҳои информатика, физика, химия, асосҳои барномасозӣ, архитектураи МЭҲ, географияи Тоҷикистон, биология, графикаи компютерӣ, асосҳои алгоритмсозӣ ва барномасозӣ, шабакаҳои компютерӣ ва ғайраҳо ба донишҷўён сабақ меомўзонанд ва дар асоси нақшаи кории кафедра  фаъолият мебаранд, ки он аз чунин фаслҳо иборат аст: корҳои ташкилӣ, таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, семинарҳои омўзишӣ ва дастурдиҳӣ, кор бо донишҷўён ва мутахассисони ҷавон.

Кафедра дорои  ду утоқи компютерии ҳозиразамон буда, онҳо бо дастгоҳҳои навтарини технологияи имрӯза, аз ҷумла, ноутбукҳо, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, ки аз онҳо дар дарсҳои амалӣ пайваста истифода бурда мешаванд, ҷиҳозонида шудааст.