Slider

АНСОРОВ СОБИР МУАЗЗАМОВИЧ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГӢ ВА ИННОВАТСИОНӢ

Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент дар асоси фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  таърихи 21– уми августи соли 2015, № 2491 таъсис ёфта, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ пайдо кардааст. Муассисаи таълимӣ фаъолияти хешро дар самти таълиму тарбия дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оинномаи муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ» дар шаҳри Панҷакент ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти маориф амалӣ менамояд.

Ҳоло дар коллеҷ донишҷўён аз рўи ихтисосҳои “Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ”, “Шабакаи телекоммуникатсионӣ”, “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”, “Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат”,“Технологияи истеҳсоли дўзандагӣ”, “Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ”, “Истифодабарии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ”, “Таҷҳизот ва технологияи истеҳсоли кафшергарӣ”, “Графикаи компютерӣ”, “Технологияи истеҳсоли мебел”, “Технологияи маҳсулоти қаннодӣ”,“Коркарди меваю сабзавот”, “Фаъолияти тиҷоратӣ дар корхонаҳои савдо”, “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои тиҷоратӣ”, “Омор”, “Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ”, “Хизматрасони техникӣ ва таъмири компютерҳо”, “Системаи компютерӣ ва Интернет — технология”, “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ”  ва “Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил” сабақ меомўзанд.

Барои хатмкардагони синфи 9 муҳлати таҳсил ду сол буда, баъд аз хатм ба онҳо дипломи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дода мешавад. Онҳо баъд аз гирифтани чунин диплом метавонанд таҳсилро дар коллеҷ, дар ихтисоси дилхоҳашон аз курси дуюм идома диҳанд.

Муҳлати таҳсил барои хатмкардагони синфи 11 се сол (барои шуъбаи ғойибона чор сол) мебошад. Баъд аз хатм ба хатмкунандагон дипломи таҳсилоти миёнаи касбӣ дода мешавад. Хатмкардагон пас аз гирифтани диплом ҳуқуқ доранд дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва ё дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз курси дуюм таҳсилро идома диҳанд.

Фаъолияти ин боргоҳи илму адаб ва таълим чун падидаи басо муҳими Истиқлолияти кишвари маҳбубамон зуҳуроти комил дар раванди хизматрасониҳои таълимӣ ва пешрафти илм ва техника ба ҳисоб меравад.

   Имрўз муҳити созандае, ки дар коллеҷ фароҳам гардидааст, татбқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва илми кишвар ба шумор рафта, омили муҳими ноилгардӣ ба дастовардҳои таълимиву тарбиявӣ, илмӣ, инчунин густариши равобити хориҷӣ мебошад.