Иттифоқи касаба

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Тўраев Эркин Мутаиллоевич 

раиси ташкилоти ибтидоии

иттифоқи касабаи кормандони

Коллеҷи технологи ва инноватсионӣ

Иттифоқи касабаи кормандони Коллеҷи технологи ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент 15 майи соли 2017 тибқи Фармоиши директори коллеҷ таҳти № 47 А таъсис ёфта, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи иттифоқҳои касаба”  ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Мақсад ва вазифаҳои оинномавии ташкилоти ибтидоии  иттифоқи касаба ин намояндагӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, иқтисодӣ, касбию фардӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба дар ҳамкори бо корфармо мебошад. Ташкилот кормандонеро, ки аъзои иттифоқи касабаанд муттаҳид намуда, тибқи нақшаи корӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва пешрафти кори онҳо  ҳаматарафа кўмаки молию маънавӣ мерасонад.