Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Азизов Қобилҷон Ҳамзаевич

мудири маркази бақайдгирӣ

Маркази бақайдгирӣ чун сохтори нав бо дарназардошти талаботи низоми кредитии таҳсил дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент бо фармоиши директор таърихи  6 июни соли 2018 таҳти №19 ташкил карда шудааст.

Маркази бақайдгирӣ яке аз муҳимтарин шуъбаҳои коллеҷ ба ҳисоб рафта, раванди ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо, муқаррар намудани номгӯи фанҳои интихобӣ барои ихтисосҳои мухталиф, бақайдгирии давомоти донишҷӯён ва назорати он ҳангоми таҳияи варақаҳои имтиҳонӣ  ва ғайраҳоро ба иҷро мерасонад.

Маркази бақайдгирии коллеҷ кори худро аз омӯхтани таҷрибаҳои татбиқи низоми кредитӣ дар дигар давлатҳо ва омода сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ равона карда, ҳамзамон ташкили системаи автоматикунонидашудаи раванди таҳсилро назорат мекунад.