Хабарҳо

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ ва хоҳарони азиз!
Чӣ  хуш аст, ки мову шумо  санаи 8- уми март  Рӯзи модарро ҷашн мегирем. Ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба муаллимаҳои Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ ва кулли модарону бонувони диёрамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо азизони дил, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

 Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида  рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд.

Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рўзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.  

Ид муборак бонувонӣ гиромӣ!

Бо эҳтиром: Раёсати Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ