Соҳаи сайёҳӣ муаррифкунандаи фарҳанги миллии кишвар

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Соҳаи сайёҳӣ муаррифкунандаи фарҳанги миллии кишвар

Солњои охир дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи Барномаи рушди иќтисодию иљтимоии мамлакат ба соњаи сайёњї таваљљўњ бештар гашта, барои пешрафти он як ќатор ќонуну ќарорњо, барномаву дурномањо ба тавсиб расиданд. Ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сайёњии дохилї» ва «Барномаи рушди сайёњї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011 – 2020», дар панљ соли аввали фаъолиятошон аз пардохтњои гумрикию андозї озод кардани ширкатњои сайёњї, эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” ва солњои 2019 -2021 “Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї” барои бо суръат рушд ёфтани соња роњњои умедбахшро кушод. Дар партави ин сиёсат Њукумати Љумњурии Тољикистон то соли 2020 ба як миллион нафар расонидани вуруди сайёњонро ба наќша гирифтааст.

Барои расидан ба ин њадафњои созанда моро зарур аст, ки сифати хидматрасонии сайёњиро бењтар карда, инфрасохтори муосир ва ба талаботи байналмилалї љавобгў бунёд намоем. Дар ин раванд бояд мутасаддиёни њар як шањру ноњия ва ширкатњои сайёњї барномаи махсуси рушд дошта бошанд. Зеро аксари мавзеъњои сайёњї дар минтаќањои дур аз пойтахти кишвар воќеъ аст. Аз он љумла водии Зарафшон ва шањри Панљакент низ яке аз мавзеъњои сайёњї ба шумор меравад.

Оташкадаю биноњои маъмурї, ибодатхонањо, растањои њунармандии Саразми ќадим, ашёњои сангину шишагин, оњанину сафолине, ки аз Панљакенти бостонї бозёфт шудааст, албатта аз нигоњи сайёњон дур намемонад. Иќлим ва табиати хушманзари водии Зарафшон имкон медињад, ки тамоми сол сайёњонро ќабул намоем. Дараи Арчамайдон, Њафткўлу Кўли Калон, кўлњои Нилгуни кўњи Фон барои рушди саёњати пиёдагардї замина мегузаронад.

Дар радифи сиёсати хирадмандонаи ду сарвари оќилу дурбин Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Ўзбекистон, мўњтарам Шавкат Мирзиёев боз шудани гузаргоњњои сарњадї барои густариши соњаи сайёњї такони љиддї бахшид. Дар натиљаи ин сиёсат садњо нафар сайёњон тариќи шоњроњи Самарќанд ба шањри бостонии Панљакент бемамоният ворид гаштанд ва минтаќањои сайёњиро озодона дидан намуданд.

Пўшида нест, ки дар аксарият шањру навоњии љумњурї норасоињои мутахассисњои соњаи сайёњї ба мушоњида мерасад. Тайёр намудани роњбаладњо, маркетологњо, менељерњои ширкатњои сайёњї, тарљумонњои касбї бар дўши муассисањои таълимї вогузошта шудааст. Вобаста ба ин дар Коллељи технологї ва инноватсионї дар назди Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар шањри Панљакент ихтисоси махсус бо номи «Иќтисодиёт ва ташкил дар соњаи туризм» кушода шудааст. Њоло дар ин гурўњ 22 нафар донишљў сабаќ меомўзанд. Донишљўёни коллељ пас аз хатми курси дуюм барои таљрибаомўзии истењсолї ба ширкатњои сайёњї љалб мегарданд. Дар коллељ тибќи барномаи таълимї гузаронидани семинар машваратњо ва конфронсњои илмию амалї ба наќша гирифта шудааст.

Рўзњои 5 — 8 уми июли соли љорї ањли љомеаи коллељ якљо бо устодон ва донишљўёни ДОТП дар минтаќаи сайёњии Артуч конфронси байналмилалии навбатиро ташкил ва баргузор намуданд. Конфронс ба «Соли рушди соњаи сайёњї ва њунарњои мардумї» ва Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018 -2028» бахшида шуда, дар он олимон ва донишљўёни донишгоњу омўзишгоњњои давлатњои муштаракул манофеъ, аз он љумла Тољикистон, Беларуссия, Украина ва Ўзбекистон иштирок намуданд.

Њадаф аз баргузории чунин конфронсњо пеш аз њама баланд бардоштани савияи дониши устодону донишљўён ва ба мењмонони хориља муаррифї намудани фарњанги миллї ва минтаќањои сайёњии водии Зарафшон мебошад. Ањли љомеаи мењнатии коллељ минбаъд низ чунин семинару конфронсњоро ташкил намуда, барои рушди соњаи сайёњї дар водии Зарафшон сањми хешро мегузаронанд.

Собир Ансоров, директори Коллељи технологї ва инноватсионї дар шањри Панљакент