Slider

ТАЪРИХИ ТАРАҚҚИЁТИ ИЛМИ МАТЕМАТИКА

Мунзири Т. омӯзгори кафедраи фанҳои табии – риёзӣ

Дар ин мақола масъалаҳои пайдоиши чор фасли математика, истифодаи он чун соҳаи илм дар Осиёи Миёна ва Шарқи наздик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Калидвожаҳо: математика, адад, муодила муодилаҳои кубӣ муодилаҳои дифиренсиалӣ ва интеграл. Боз бину,боз ҷӯю, боз ёб, дар риёзиёт. Ҷавҳари алгебра бошад, табдилот. Бинои мӯҳташами математика аз адад қомат афрохтааст. Бесабаб нест, ки дар таълими математика ибораҳои ададро бештар истифода мебаранд.Математика ақлро ба тартиб медарорад. Мегӯянд,ки меъморон ва саркорон ин биноро дар тӯли 1000 — солаҳо сохтаанд ва истифода бурдаанд. Инкишофи математика ба давраи пайдоиши математика тааллуқ дорад. Дар давраи якум мафҳуми адад ҳамчун андозаи муносибатҳои миқдорӣ ташаккул ёфтааст. Дастовардҳои математика аз асрҳои 4-5 –и пеш аз мелод то асри 17 ва давраи дуюми инкишоф ба давраи “математикаи элементарӣ” дохил мешавад. Дар давоми ду давраи аввал тадқиқотҳои математикӣ дар асоси талаботҳои оддитарини ҳаёти хоҷагӣ , ба монанди ҳисоб намудани предметҳо, чен кардани миқдори маҳсулотҳо, масоҳати қитъаи замин, муайян намудани ченакҳо, ҳисоби тиҷорат ва ғайраҳо истифода мешуданд. Математика илмест, ки дар бораи муносибатҳои миқдорӣ ва шаклҳои фазои амали воқеиро меомӯзад. Математика аз калимаи юнонӣ(matema) гирифта шуда,маънояш илм ва таълимот мебошад. ПАЁМИ ДОНИШКАДА ВЕСТНИК ИНСТИТУТА. НАШРИ МАХСУС/СПЕЦИАЛЬНЫЙ ВЫПУСК, №;4/1. 161 Аз рӯи ақидаи Энгельс “Математикаи соф шаклҳои фазоӣ ва муносибатҳои миқдории дунёи ҳақиқиро меомӯзад.”Математика дар намуди умумӣ ба геометрия ва анализ ҷудо мешавад. Математика илми абстрактивӣ буда, ба объектҳои математикӣ, масалан, адад, функсия, шаклҳои геометрӣ ва ғайра машғул аст. Таърифи Энгельс на танҳо объекти тадқиқоти математикиро баён менамояд, балки манбаи пайдоиши он дунёи реалиро нишон медиҳад. Мафҳуми математикӣ мафҳуми ихтиёрӣ набуда, абстраксияи ҳодисаҳою ҳолати реалиянд. Энгельс қайд намудааст, ки математикаи соф абстраксияро омӯхта, бузургиҳои дар он воридгашта бузургиҳои хаёлианд. Аммо ин “Бузургиҳои хаёлӣ” ихтиёрӣ сохта нашудаанд, балки аз табиат гирифта шудаанд10 . Математика ҳамчун фан дар асрҳои 4-5- и пеш аз мелод дар Юнони қадим ба вуҷуд омадааст. Тараққиёти пуравҷи илмҳои табиатшиносӣ ва техника дар асрҳои 17-18 математикҳоро вазифадор менамояд, ки таваҷҷӯҳи бештарро барои кашф намудани методҳои аз нуқтаи назари математикӣ омӯхтани ҳаракат, рафти тағйирёбии бузургиҳо, табдилдиҳии шаклҳои геометрӣ ва дигарҳо равона созанд. Математик ва файласуфи бузурги фаронсавӣ Рене Декарт (1596- 1650) методи координатаро кашф намуда, аз ин метод имконияти ба воситаи муодилаҳо ифода намудани шаклҳои геометрӣ вобастагиҳои аналитикиро фароҳам овард. Ҳамин тариқ, Декорт дар олами математика геометрияи аналитикиро ба вуҷуд овард. Дар ин замон аз тарафи Ньютон (1642-1727) ва Лейбнис (1646-1716) ҳисоби дифиренсиалӣ ва интегралӣ кашф карда шуд. Қайд бояд кард, ки идеяи ҳисоби нав дар асарҳои бисёр олимон ба монанди Элёр (1707-1783), Логронж (1736-1819), Гаусс (1777-1855), Коши (1789-1858) Вейерштрас (1815-1897) низ мушоҳида мешавад. Математикаи асри XVII ба давраи сеюми инкишофи математика рост меояд, ки онро давраи саршавии бузургиҳои тағйирёбанда меноманд. Дар ин давра математикаи олӣ бо қисмҳояш — геометрияи аналитикӣ, ҳисоби дифиренсиалӣ ва ғайра ба вуҷуд омад. Асри 19-20 дар Россия дар самти инкишофи математикаи олӣ тадқиқотҳои бузурги илмӣ ба вуҷуд омад. Хизматҳои муҳими онҳоро меорем. Натиҷаи асосии қариб ҳама соҳаҳои дониши математикӣ ва татбиқи он ба математики маъруф, академик Элер тааллуқ дорад. Асарҳои ӯ то 10 Кудрявтсев В.А., Демидович Б. П. «Курси мухтасари математикаи олї» Душанбе, 1984. ПАЁМИ ДОНИШКАДА ВЕСТНИК ИНСТИТУТА. НАШРИ МАХСУС/СПЕЦИАЛЬНЫЙ ВЫПУСК, №;4/1. 162 имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Математики машҳури рус Н.Н. Лабачевский (1792-1856) илми нав “Геометрияи Лабачевский”ро ба вуҷуд овард. Академики машҳури рус М.В. Остроградский (1801-1861) дар назарияҳои “Интегралҳои каратӣ” формулаҳои муҳимеро кафш намуд, ки дар он амалия татбиқи васеъ ёфтааст. Олими машҳури рус А. Чебишев фасли нави математика “назарияи наздикшавии беҳтарини функсияҳо”, “назарияи эҳтимолият”, “назарияи ададҳо”, “ҳисоби интегралӣ” кашф намуд. Чебишев аввалин шахсест, ки дар ҳалли проблемаҳои мушкилтарини “тақсимоти ададҳои содда” ба муваффақиятҳои калон ноил гардидааст. Математики м ПАЁМИ ДОНИШКАДА ВЕСТНИК ИНСТИТУТА. НАШРИ МАХСУС/СПЕЦИАЛЬНЫЙ ВЫПУСК, №;4/1. 163 ҳинд дар он аст, ки Хоразмӣ аввал назарияро баён месозад, пас татбиқи онро нишон медиҳад ва аксарияти қоидаҳоро бо ёрии тасвирҳои геометрӣ маънидод мекунад. Дар асар ҳалли муодилаҳои дараҷаи як ва ду нишон дода шудааст11 . Осори илми Ал – Хоразмӣ ба пешрафти математика ва илмҳои дигар таъсири бузург расонидааст. Олими Осиёимиёнагӣ А. Берунӣ (973- 1048) масъалаҳоеро баррасӣ намуд,ки минбаъд ба рушди математика такони ҷиддӣ бахшид. Олими энсиклопедистӣ охири асри 10 ва ибтидои асри 11 Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) дар асари “Донишнома” масоили зиёди математикиро тадқиқ намудааст. Ӯ дар ин асарҳо ба назарияи ададҳо ва доир ба хатҳои параллелӣ тадқиқотҳо гузаронида, нуқтаи назари худро баён намудааст. Математики бузурги форсу тоҷик Умари Хайём (1048-1131) ба тариқи систематикӣ муодилаҳои тартиби 3- ро омӯхта, классификатсия ва ҳалшаванда будани онҳоро шарҳ медиҳад. Рисолаи Хайём “ Дар бораи исботи масъалаҳои ал-ҷабр ва ал- муқобала” ба ҳалли муодилаҳои кубӣ бахшида шудааст. Ӯ бо ёрии буришҳои конусӣ ҳалли муодилаҳои кубиро нишон медиҳад. Дар расадхонаи Нишопур таҳти роҳбарии Хайём ҷадвали мушаххаси астрономӣ тартиб дода шуд, ки минбаъд номи “тақвими ҷилолӣ” –ро гирифтааст. Хайём тарзҳои решабарориро бо нишондиҳандаи ихтиёрии натуралӣ баён намудааст. Тадқиқотҳои Умари Хайём қуллаи баландтарини муваффақиятҳои математикии асрҳои XI-XII ҳисоб мешавад. Математик ва астрономики намоён Насриддини Тӯсӣ (1201-1264) китоби “Ибтидо”-и Эвкалидро ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Асосҳои геометрияи сферикиро баён намуда, формулаи бинои Нютонро ба тариқи забонӣ (сухан) ифода намудааст. Дар инкишофи математика ва астрономияи асри XV яке аз олимони намоёни ин давр Мирзо Улуғбек (1404-1449) саҳми босазое гузошт. Дар расадхонаи ӯ олимон — Қозизода Румӣ, Наҷмиддин Алихон ва дигарон муттаҳид шуда, доир ба математика ва астрономия тадқиқотҳо бурданд. Дар асоси мушоҳидаҳои чандинсолаи Улуғбек ва ҳамроҳони ӯ ҷадвалҳои нави астрономия , ҷадвалҳои географӣ ва солшуморӣ, ҷадвалҳои саҳеҳи тригонометрӣ сохта шудаанд, ки ба воситаи онҳо ҳисобкуниҳои ихтиёрӣ иҷро карда мешавад. Онҳо касрҳои даҳиро кашф карда, ададҳои мусбат ва манфиро дар алгебра дохил намуданд. Ал- Кошӣ методи итератсионии ҳалҳои ададии муодилаҳои кубиро кашф намуда, барои муайян намудани қиммати sin 1 (синуси як градусро) татбиқ намудааст. Математика дар Тоҷикистони шӯравӣ бо дастгирии олимони рус ва миллатҳои дигари собиқ иттиҳод мактаби махсуси математикӣ ташкил ёфт. Дар ташаккул ва рушди илми мазкур , хусусан саҳми олимони намоёни соҳа Л. Г. Лтайлов , А. Ҷӯраев,В. Л. Стеценко, Т. С. Собиров, Н. Р. Раҷабов, З. Ҷ. Усмонов, Ғ. Б. Бобоев, К. Б. Бойматов, Э. М. Муҳаммадиев ва дигарҳо ниҳоят бузург аст . Онҳо на танҳо дар қаламрави собиқ иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шудаанд, балки дар хориҷа низ эътироф гардидаанд ва ба он восита ҳамчун намояндаи миллати соҳибтамаддун арзи ҳастӣ намудаанд. Адабиётҳо: 1. Кудрявтсев В.А., Демидович Б. П. «Курси мухтасари математикаи олї» Душанбе, 1984. 2. Н.В.Метельский «Математика». Издательство «Высшая школа» Минск 1973 3. Рўзметов Э., Хаимов Н.Б., « Курси мухтасари анализи математикї» Нашриёти «Маориф» 4. Юсупов С. Ю.. Шарипов Б.Ш. математикаи олї. кисми1. Асосхои Геометрияи Аналитикї ва Алгебраи хаттӣ