Паёми Президент роҳнамои мо

Kollechi tekhnologi va innovatsoini


 

26 декабри соли 2018 кулли устодон ва донишҷўёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи телевизион тамошо карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба  масоили дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда,самтҳои асосии рушди иқтисодиёт, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеаро дар соли оянда муайян  карданд.

          Дар суханронии Президенти кишвар исбот гардид, ки мардуми Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Бунёди нерўгоҳҳои обии барқӣ имкон медиҳанд, ки дар ояндаи наздик дар мамлакат саноат рушд карда, некўаҳволии мардум боз ҳам беҳтар гардад.

         Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ таъкид доштанд, ки солҳои охир ғамхорию дастгирӣ ба соҳаи маориф ва омўзгорон афзуда истодааст. Дар замони истиқлолияти давлатӣ садҳо  муассисаҳои олию миёна бунёд ва азнавсозӣ гардида, ба мактабҳо таҷҳизотҳои таълимии муосир ворид карда шуданд.Вале новобаста ба он сатҳи дониши хонандагон ба талабот ҷавобгў набуда, махсусан, дар солҳои оянда омўзиши забонҳои хориҷиро беҳтар кардан лозим аст.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид доштанд, ки имрўз давлату ҳукумат кўшиш карда истодааст, ки дар мамлакат  сулҳу субот пойдор гардад, шароити зидагии мардум боз ҳам беҳтар шуда, обрў ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Қайд бояд кард, ки Паёми навбатии Президенти кишвар дар роҳи  баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, худшиносии миллӣ ва корҳои созандагиву бунёдкории насли наврас саҳми босазо мегузорад.

              Аҳли кормандони коллеҷ пас аз тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки Паёми Сарвари давлатро чун роҳнамои кору фаъолияти худ қарор  намуда, дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва  омўзиши забонҳои хориҷи дода шуд, бо  масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард.