Олимов Қаҳрамон Абдуваҳҳобович
мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот
Бо мақсади амалӣ намудани талаботҳои замимаи якуми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.07.№105 “Дар бораи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф” ва фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007 №330 дар асоси фармоиши директор дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент бахши идоракунии сифати таҳсилот ташкил карда шудааст. Бахш фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳаи маориф, ҳуҷҷатҳои меъёрии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, раёсати ташкили назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф, фармоишҳои директори коллеҷ, қарорҳои шўрои омўзгорон ва низомномаи бахш ба роҳ мондааст. Мақсади асосии бахш баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад.