Паёми Пешвои миллат-роҳнамо барои ояндаи дурахшон
Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат омили муњими мусоидаткунандаи рушди минбаъдаи кишвар буда, дар назди масъулини сохторњои гуногун ва мардуми шарифи диёрамон вазифањои мушаххасро мегузорад. Ин Паём њумчун њуљљати расмї ва роњнамои њаёти њар як фарди Тољикистон аст. Паёми Президент бояд барномаи амалии њар як шањрванди бо нангу номуси ватанамон бошад, токи дар асоси он кору фаъолият намуда, барои пешрафт ва гул – гулшукуфоии Тољикистони азизамон ва рўзгори ободу осудаи хеш њиссаи арзандаи худро гузаронанд. Зеро Паёми Пешвои миллат илман асоснок буда, дар он роњњои њалли масъалањои мубрами рўз ва наќшаи рушди иќтисодиву иљтимоии кишварамон бо далелњои даќиќ нишон дода шудааст.
Сарвари давлат дар ин Паёми худ дар баробари тањлили фаъолияти соњањои гуногуни иљтимоию иќтисодии Тољикистон ба соњаи маориф низ таваљљўњи махсус зоњир намуда, барои пешрафти соња ба масъулин супоришњо доданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Тањким бахшидани иќтидори илмии кишвар, љорї кардани ихтироот дар истењсолот устувор гардонидани пояњои моддиву техникии муассисањои таълимї, баланд бардоштани сифати таълим дар њамаи зинањои тањсилот, љалби боз њам васеи истеъдодњои љавон ба омўзиши технологияњои муосир ва корњои эљодиву техникї вазифаи муњимтарини соњањои илму маориф мебошад. Аз ин рў, мо ба соњањои илму маориф эътибори аввалиндараља дода, ислоњотро дар њамаи зинањои тањсилот бомаром идома медињем ва мушкилоти мављударо давра ба давра бартараф мекунем”.
Ба андешаи Роњбари давлат дар соњаи маориф ду проблемаи асосии њалталаб, якум норасоии кадрњои соњибкасби боистеъдод, дуюм баланд бардоштани сатњу сифати таълим дар тамоми муассисањои таълими кишвар вуљуд дорад.
Воќеан, Тољикистони азизи мо дар он замон рушд мекунад, ки мо мутахассисони љавобгў ба ниёзњои замони имрўз омода намоем. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паём ба таври возењ чунин баён доштанд:
“Мо зањмати устодону омўзгоронро њамеша баланд арзёбї мекунем ва ѓамхориро дар њаќќи онњое, ки дар ин соња хизматњои шоиста кардаанд идома медињем. Лекин пешрафти љомеа, тараќќиёти илму техника ва технология таќозо мекунад, ки онњо низ барои баланд бардоштани сатњи касбияти худ мунтазам кўшиш кунанд.Агар омўзгор сатњи баланди касбият надошта бошад, мо њеч гоњ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро бењтар карда наметавонем”.
Президенти кишвар дар идомаи суханронии хеш супориш доданд, ки њамаи кормандони соњаи маориф, аз дастгоњи вазорат ва сохторњои мањаллии он то устодону омўзгорони муассисањои таълимї, сарфи назар аз шакли моликият дар тамоми ќаламрави кишвар њар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шавад.
Ин супориши Пешвои миллат сариваќти буда, љињати ба кор ќабул намудани омўзгорони соњибкасб ва масъулиятшинос мусоидат мекунад.
Њамчунин, Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки њанўз соли 2003 Фармони Президенти мамлакат барои такмили таълим ва омўзиши забонњои русиву англисї ќабул шуда буд, вале натиљаи татбиќи он нигаронкунанда аст. Бояд дар ин самт корро пурзўр намуд.
Ин дастури њидоятсозии Президенти кишвар масъулияти кулли омўзгорони мамлакатамонро дар назди Ватан ва насли наврас дучанд мегардонад. Ва њар як омўзгорро вазифадор месозад, ки барои тайёр намудани мутахассисони варзида талош варзанд.
Маврид ба зикр аст, ки вобаста ба масъалаи баланд бардоштани сифати тањсилот ва омўзиши забонњои хориљї дар Коллељи технологї ва инноватсионї дар шањри Панљакент силсила барномањо тањия шуда, омўзгорон тибќи он фаъолияти худро ба роњ мондаанд. Вобаста ба омўзиши забонњои хориљї дар коллељ курсњои кўтоњмуддати омўзиши забони русї ва англисї ба роњ монда шудааст. Дар ин курсњо машѓулиятњои дарсї бо воситаи таљњизотњо ва технологияи муосири таълимї дар сатњи баланд гузаронида мешавад.
Тарбияи љавонони мамлакат дар руњияи инсондўстию ватанпарастї, худшиносии миллї, мењанпастї, омўзиши илмњои муосир, касбу њунар, истифодаи самранокии иќтидори зењнї ва маънавї ба манфиати љомеа буда, њамзамон масъалањои мубрами рўз мањсуб меёбад.
Дар ин роњи пуршараф, яъне тарбияи насли навраси соњибкасбу донишманд кулли устодони Коллељи технологї ва инноватсионии шањри Панљакент тамоми дониш ва мањорати худро равона месозанд ва дар ин роњ Паёми Пешвои миллат роњнамо хоњад буд.