Донишҷӯёни коллеҷ ғолибони озмун

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Донишҷӯёни коллеҷ ғолибони озмун

27 мая, 2019 Ҷашнвораҳо 0

27 — апрели соли 2019 як гурӯҳ донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои таълими дар соли 2018 — 2019 фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

Аз ҷумла донишҷӯи курси 3, ихтисоси «Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ» Собирова Сарвина аз фанни забони тоҷикӣ ҷои 3 — ум ва донишҷӯи курси 3, ихтисоси «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат» Ҷӯмаева Лола ҷои ифтихориро ишғол намуданд.

Ғолибони озмун бо медал, диплом ва ифтихономаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.