МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ҶУЗЪИ СИЁСАТИ ҲУҚИҚИИ ДАВЛАТ АСТ
Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обрўву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои зидди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Новобаста аз он, ки бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи шадид амалӣ мегардад, ба туфайли амалҳои ношоистаи баъзе аз мансабдорон ва шахсони воқеӣ чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта мешавад.
Пешгирии ин зуҳуроти номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон буда, бояд дар ин роҳ мо якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Зеро ҳодисаҳои коррупсионӣ эътимоди мардумро ба давлату ҳукумат коста гардонида, барои рушди иқтисодиёти кишвар, тараққиёт ва обрўю нуфузи мамлакат, бунёди ҷамъияти солиму созанда, дарёфти истеъдодҳои ҷавону бунёдкор, пешрафти соҳаҳои мухталиф таъсири манфӣ мерасонад.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки агар дар мамлакат корҳои коррупсионӣ реша давонад, инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон коста гардида, ояндаи ин давлат норўшан мемонад. Зеро он наврасу ҷавоне, ки аз ин кирду корӣ мансабдорон огоҳӣ меёбанд, ў низ мехоҳад бо роҳи осон яъне бо ришва додан ба донишгоҳу донишкада дохил шавад, ё бо ин роҳ ба кор қабул шуда фаъолияташро идома бахшад. Ва ин ҳолат ҷавононро аз эҷодкориву навоварӣ, донишандўзиву касбомўзӣ дур месозад ва ахлоқи ўро коста мегардонад.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавононони бо нангу номус, меҳанпарасту ватандўст, бунёди давлати демакративу ҳуқуқбунёд ва рушдёфта якҷо бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ муқовимат бурда, Ватани азизамон Тоҷикистонро ободу зебо созем.
Қаҳрамон Олимов