МО БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

МО БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

24 декабря, 2019 Маҷлис ва мақолаҳо Ҷашнвораҳо 0

23 – уми декабри соли 2019 дар Кохи ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода бо ҷавонон, омўзгорон, хизматчиёни давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва ғолибони мусобиқаи  варзишиву озмуни ҷумҳуриявии “Субҳи доноӣ” мулоқот доир намуд.

Раиси шаҳр дар баромади хеш қайд кард, ки ба қарибӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилоят оид ба пешгирии ҳолатҳои террористӣ, муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷаласаҳо баргузор гардид.

Дар он ҷаласот иҷроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстермизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 ба имзо расидааст, муҳокима гардид.

Гуфта шуд, ки терроризм вабои аср буда, аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар зидди он мубориза барад.Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид месозанд, ки “Террорист, Ватан, миллат ва модар надорад”.

Мутаассифона ҷавонони зудбовар ва бесавод ба суханҳои инсонҳои ифротӣ бовар карда, ба гуруҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Аз ҷумла аз шаҳру деҳоти Панҷакент низ 40 нафар ҷавонон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок менамоянд.

Вобаста ба ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тадбирҳои мушаххас андешида, пайваста кўшиш мекунад, ки теъдоди ифротгароён коҳиш дода шавад.

Имрўзҳо дар шаҳру деҳоти Панҷакент барои дастгирии ҷавонон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. То кунун дар миқёси диёрамон 20 варзишгоҳи хурд бунёд гардида, то 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 20 – мактаби нав ба нақша гирифта шудааст.

Раиси шаҳр дар идомаи сухан  перомуни ба дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 5500 – солагии Саразм, тоза нигоҳ доштани кўчаҳои шаҳру деҳот, ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ, рушди соҳаи туризм ва бунёди корхонаи металлургии шаҳр ҳарф зад.

Дар мулоқот хонандагон, омўзгорон ва донишҷўён ба сухан баромада барои дастгирии ҳамаҷониба ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда ваъда доданд, ки бар зидди ифротгароён ва душманони давлату миллат мубориза бурда, ҷиҳати пешрафти мамлакатамон саҳми арзандаи хешро мегузаронанд.

Дар интиҳои  мулоқот Ислом Зиёзода ба ғолибони озмуни “Субҳи доноӣ” ва ҷавонони ташаббускору фаъол Сипоснома ва тўҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид.

Дар ин мулоқот беш аз 100 нафар донишҷўёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент  иштирок намуданд.

 Қаҳрамон Олимов, декани факултети “Технологияҳои инноватсионӣ, ахборот ва коммуникатсияи замонавӣ”  — и Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент.