Таҷлили Рӯзи дониш

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Таҷлили Рӯзи дониш

28 октября, 2019 Маҷлис ва мақолаҳо Ҷашнвораҳо 0

Дар таърихи якуми сентябри соли равон ба муносибати Рўзи дониш саҳни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент ороставу пероста гардида, ҳузури шогирдону устодон ва волидайну меҳмонон субҳи барвақт таъмин гардид. Дар пешрўйи бинои таълимӣ барои ширкаткунандагони ин тантана ҷойи нишаст таъмин карда шуда, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи монитор пахш гардид. Муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент Сафарзода М. табрикот ва шодбошҳои раиси шаҳрро ба ширкаткунандагони ҷашн қироат намуд. Ин чорабинӣ барои шогирдону устодон ва меҳмонон хотирмон буд.