Таҷлили Рўзи омўзгор

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Таҷлили Рўзи омўзгор

28 октября, 2019 Маҷлис ва мақолаҳо Ҷашнвораҳо 0

Дар таърихи 5 –уми октябри соли 2019 дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Рўзи омўзгор ҷамъомади фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. Шогирдони муассисаи таълимӣ таҳти роҳбарии омўзгори ҷавон ва хеле моҳиру навовар Толибова Анита дастовезе доштанд пурҷилову гаронмоя. Дар оғози ҷамъомад ба муносибати ин ҷашн шогирдон ба устодони хеш шеъру суруду тарона эҳдо намуда, сипас намоише пешкаш намуданд, ки ношӣ аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ буданд.