Соли нави 2022
Соли нави 2022 муборак!
Инак, ба гузашти як сол соли 2021 бо мо хайрбод гуфту соли 2022 ба ҳаёти мо, ба зиндагии мо, ба асри мо ва ба кишвари мо қадам ниҳод. Соле, ки сипари гашт бо воқеъа ва рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ дар дафтари ҳаёти мо бо ҳарфҳои зарҳал навишта хоҳад шуд. Зеро дар ин сол сокинони кишвари азизамон 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтанд. Ин ҷашни миллӣ дар тамоми манотиқи кишвар дар сатҳи баланд ва бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ин айём мардуми шарифи мамлакатамон, ки дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд дастовардҳои хешро ба маърази тамошо гузошта бо хушу хурсандии беканор аз сиюмин солгарди Истиқлоли давлати хеш истиқбол гирифтанд.
Дар ин рӯзҳои файзбахш аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент ҳамсафи иштирокдорони ҳамаоишҳои бузург буданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар намоиши ҳунарҳои дастии факултетҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент яке аз беҳтаринҳо дониста шуд.
Дар соли 2021 дигар рӯйдоди муҳим, ки дар хотираҳо нақш бастааст, азнавсозии саҳни муассиса буд. Бо саъю кӯшиши устодон ва донишҷӯёни коллеҷ саҳни муассиса ободу зебо гардонида шуда ба як маркази фароғатӣ табдил дода шуд.
Дастовардҳои устодон ва донишҷӯёни коллеҷро дар самти таълим, тарбия, илм, инноватсия, ихтирокорӣ ва хоҷагидорӣ ба қалам нашояд. Зеро дар шумораҳои “Паёми донишҷӯ” оиди ин ё он дастовардҳо шуморо огоҳ намудаем.
Бинобар ин сарҳисоби соли кӯҳнаро мухтасар намуда, фароррасии соли навро ба Шумо устодон ва донишҷӯён муборакбод мегӯем. Бигзор соли 2022 ба Шумо пур аз муваффақиятҳо оварад. Дар соли нав танатан сиҳат, қалбатор пур аз шодӣ, кору пайкоратон ҳамеша бобарор бошад.
Соли нави 2022 муборак!
Қаҳрамон Олимов