Пирӯзи Муборак, Мижгонахон!

Kollechi tekhnologi va innovatsoini

Пирӯзи Муборак, Мижгонахон!

19 января, 2022 Uncategorized 0

Пирӯзи Муборак, Мижгонахон!

Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси  “Системаи компютерӣ ва интернет технология” устоди варзиши сабук,  Мижгонахон Маҳмаҷалолзода дар  соли 2021 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, як қатор дастовардҳоро ба даст овард. Аз ҷумла дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки 30 октябри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон доир шуд, ҷойи аввалро ишғол кард.

Ҳамчунин, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гимнаситикаи бадеӣ дар шаҳри Душанбе ҷойи 1, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук шаҳри Душанбе ҷойи 1,   мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук байни наврасони соли таваллудашон 2003 – 2005 ҷойи якум, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷаҳиш шаҳри Гулистон ҷойи дуюм, мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ҷойи якумро ишғол намуд.

Мижгонахонро бо ин дастовардҳои назаррас табрик гуфта, барояшон фатҳи  қуллаҳои аз ин ҳам баландро таманно дорем.

Пирӯзӣ муборак, Мижгонахон!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.